Боздошти боз 9 тан аз дастандаркорони бетартибиҳои оммавии Кӯлоб

Душанбе. 17-уми май. «Азия-Плюс» — | Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон боз 9 тан аз гумонбаршудагони даст доштан дар бетартибиҳои чанде қабл рухдода дар шахри Кӯлобро боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, миёни онҳо 5 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, муовини мудири мактаб-интернат барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб, […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 17-уми май. «Азия-Плюс» — | Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон боз 9 тан аз гумонбаршудагони даст доштан дар бетартибиҳои чанде қабл рухдода дар шахри Кӯлобро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, миёни онҳо 5 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, муовини мудири мактаб-интернат барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб, тарбиятгирандаи 14-солаи ҳамин интернат ва дигарон ҳузур доранд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл мақомоти додситонии вилояти Хатлон дар робита ба қазияи ахири шаҳри Кӯлоб бобати ба вуқӯъ пайвастани бетартибиҳои оммавӣ нисбати 5 тан, аз ҷумла ду нафар ноболиғони 15 ва 17-сола мутобиқи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Шоми 14-уми июн пас аз анҷоми вохӯрии дастахои футболи «Равшан» ва «Истиқлол» як гурӯҳи иборат аз 100 нафар мухлисон дар кӯчаи 1-уми Май ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ оғоз намуда, кормандони милисаро ҳақорату дашном ва ба сӯйи онҳо сангпартоӣ карданд. Сарфи назар аз огоҳии кормандони милиса, онҳо ба аъмоли авбошонаи худ идома доданд. Барои пароканда сохтани онҳо кормандони милисаро лозим омад, ки аз воситаи махсус – бастаҳои тарканда истифода кунанд, аммо бо ин ҳам авбошон ором нагардида, муддати 30 дақиқаи дигар ба шикастану оинаву харобсозии автомашинаҳои назди варзишгоҳ гуошташуда пардохтанд. Дар маҷмӯъ, бар асари ин бетартибиҳо 16 тан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона мунтақил шуданд ва 13 нафари онҳо пас аз расонидани кӯмаки аввали тиббӣ ба хонаҳояшон раҳсипор гардида, 3 тан аз ҷароҳат бардоштагон дар беморхона бистарӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.