ВМКБ: Қатъи парвандаи ҷиноӣ бобати гумонбарии узви ҲХДТ ба сохтакории аснод

Date:

Хоруғ. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — Додситонии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасии парвандаи ҷиноӣ бобати гумонбарии Ҳокимшо Мирзошоев ба сохтакории аснодро қатъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» додситони ноҳияи Рӯшон Нафасбек Дилшодов хабар дод, далелҳои сохтакории асноди маъракаи интихоботӣ аз ҷониби гумонбаршуда исботи худро ёфтанд, вале бо назардошти «ба гуноҳи худ иқрор шудани айбдоршаванда», баррасии парванда қатъ гардидааст.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Ҳокимшо Мирзошоев, ки вазифаи раисии ҳавзаи интихоботии ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯшонро ба ӯҳда дошт, бо даъвои ягона номзад аз ин ҳавза Худоназар Мирзоҳаётов боз карда шуд. Х.Мирзоҳаётов дар маъракаи интихоботии гузашта камтар аз 50%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки даъвогару ҷавобгар – ҳарду корманди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон буда, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошанд. Ба ақидаи коршиносон, маҳз ҳамин омил, яъне узвияти ҳарду ба ҲХДТ боиси он шудааст, ки баррасии парвандаи ҷиноӣ қатъ карда шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...