Суғд: Боздошти шаҳрванди Қирғизистон бо ҳудуди 10 кило ҳашиш

Date:

Хуҷанд. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд як шаҳрванди Қирғизистон бо ҳудуди 10 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар роҳи мошингарди Саидқӯрғон-Оқтеппаи ноҳияи Спитамен ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини деҳаи Қӯрғани ноҳияи Лайлаки Қирғизистон Сайдулло Сангинов боздошт шудааст. «Зимни кофтукови борахалтаи ӯ аз дохили он 10 бастаи дорои маводи мухаддири ҳашиш, ки вазни умумиаш 9 килову 130 граммро ташкил дод, дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар раёсат.

Зикр гардид, ки дар робита ба ин қазия нисбат ба аъмоли шаҳрванди Қирғизистон мутобиқи моддаи 200, қисми 4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳамаи сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли кишвар аз гардиши ғайриқонунӣ 338 кило маводи мухаддир (дар ҳамин давраи соли 2010 – 98 кило) дарёфт ва мусодира шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...