«Агроинвестбонк» аз сарпарастии дастаи «Равшан» даст намекашад

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сарпарасти расмии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб аз маблағгузорӣ ба тим даст кашиданӣ нест. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари бонки мазкур Фаррух Тағоймуродов хабар дод, бо мақсади рушду беҳбуди фаъолияти дастаи варзишӣ мутобиқи қонунҳои амалкунандаи ҶТ «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва «Дар бораи реклама» бонк то 31-уми декабри […]

Ҳайдар Шодиев

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сарпарасти расмии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб аз маблағгузорӣ ба тим даст кашиданӣ нест.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари бонки мазкур Фаррух Тағоймуродов хабар дод, бо мақсади рушду беҳбуди фаъолияти дастаи варзишӣ мутобиқи қонунҳои амалкунандаи ҶТ «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва «Дар бораи реклама» бонк то 31-уми декабри соли 2011 бо даста созишномаи сарпарастӣ ба имзо расонид. «Дар яке аз бандҳои созишнома гуфта мешавад, ҳамаи баҳсҳои рухдода дар давраи амали созишнома ба таври истисноӣ миёни сарпараст ва даста ҳал карда мешаванд ва аз ин рӯ, ҳодисаҳои бетартибиҳои аз ҷониби мухлисон содиршударо мо бо сардори даста Баҳром Рустамов баррасӣ кардем», – гуфт ӯ.

Аз ифшои ҷузъиёти ин вохӯрӣ бо сардори дастаи «Равшан» раиси бонк худдорӣ варзида, зикр кард, ки «Агроинвестбонк» минбаъд низ дастаро дастгирӣ хоҳад намуд.

Ақидаҳои аз сарпарастии дастаи «Равшан» даст кашидани «Агроинвестбонк» пас аз бетартибиҳои рухдода аз ҷониби мухлисони даста дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб пайдо шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сардори дастаи «Равшан» Баҳром Рустамов низ эҳтимоли чунин сурат гирифтани корро рад сохта, мегӯяд, айни замон атрофи даста овозаҳои зиёде мавҷуданд, вале сарпарасти даста ҶСК «Агроинвестбонк» тамоми масоили молиявиро саривақт ва мусбат ҳал мекунад. « Феълан футболбозон сарвақт маошашонро гирифта, ҳеҷ арзу шикояте надоранд ва онҳо дар бетартибиҳо иштирок надоштанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, пас аз ҳодисаҳои бетартибӣ бо мухлисон сӯҳбатҳо доир гардида, футболбозон ва роҳбарони даста дар кори мизи мудаввари ба ин масъала доиргардида иштирок кардаанд. «Дастаро шахсони алоҳида низ дастгирӣ карда, ҳангоми бозӣ барои бозингарони беҳтарин мукофотпулӣ эълон мекарданд, вале мо қарор додем, ки алҳол аз ин гуна дастгирӣ худдорӣ варзида, он хотираҳоро фаромӯш созем ва ба бозиҳои навбатӣ омодагии хуб бигирем», – афзуд номбурда.

Дастаи «Равшан» яке аз дастаҳои собиқадори футболи тоҷик ба шумор рафта, солҳои ахир ба мушкилоти молиявӣ дучор ва дар зинаҳои поёнии ҷадвали мусобиқот қарор дошт.

Соли равон сарпарастии дастаро ҶСК «Агроинвестбонк» ба ӯҳда гирифта, айни замон даста дар қатори пешсафони мусобиқот қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.