Боздиди кормандони ВКД-и Тоҷикистон аз шӯъбаҳои пулиси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сафоратхонаи ИМА шаш нафар ҳайати расмии  Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилиро барои омӯхтани идоракунии эътино ба ҳолатҳои фавқулодда, ба Калифорния, Амрико, аз санаи 24 июн то 1 июли соли равон сафарбар намуд. Ин сафари омӯзишӣ ҷузъи лоиҳаи эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиии Шӯъбаи байналхалқии мубориза […]

Asia-Plus

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сафоратхонаи ИМА шаш нафар ҳайати расмии  Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилиро барои омӯхтани идоракунии эътино ба ҳолатҳои фавқулодда, ба Калифорния, Амрико, аз санаи 24 июн то 1 июли соли равон сафарбар намуд. Ин сафари омӯзишӣ ҷузъи лоиҳаи эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиии Шӯъбаи байналхалқии мубориза алайҳи маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Сафоратхонаи ИМА буда, аз тарафи Эмерҷенс Груп татбиқ шуда истодааст.

Тавре аз саоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, иштирокчиён аз идораи пулис ва шериф, пажӯҳишгоҳҳои таълимӣ, марказҳои амалиётӣ – фаврӣ дар Лос-Анҷелес, Санта-Барбара, Сан-Луис-Обиспо ва Порт Вайнеме дидан карданд. Онҳо машқҳои амалиро оиди идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва назорати издиҳомро мушоҳида карданд, системаҳои фармондиҳӣ ҳангоми ҳодисаҳо ва кӯмаки тарафайнро омӯхтанд, инчунин дар Симпозиуми солонаи Калифорния оиди идоракунии ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд, ки дар он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон барои тарҳрезии нақшаи эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ва амалиётҳо дар якҷоягӣ кор мекунанд.

Сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, генерал Мӯмин Зинатов афзуд: ” Фармондеҳии ҳолатҳои бӯҳронӣ ва системаи ёрии тарафайни Амрико таъсирбахш мебошад, алалхусус ҳамкории байнисоҳавӣ, гузаронидани амалиётҳои муштарак, омодагиҳо ва омӯзишҳои тактикӣ ва банақшагирӣ. Ин муносибати муштарак метавонад бомуваффақият дар Тоҷикистон амалӣ шавад. Кор бо ҷамоатҳо, бевосита ва ба воситаи васоити ахбори омма, барои сабук гардонидани оқибати офатҳои табиӣ ва техногенӣ барои бехатарии ҷамъиятӣ аҳамияти муҳим дорад.  

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад дар оянда низ кӯмак ва дастгирии ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро давом диҳад.  Аз соли 1992 Ҳукумати ИМА маблағи зиёда аз 984 млн долларро баҳри амалигардонии барномаҳои мададрасон, ки фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва системаи бехатариро, рушди иқтисодиётро, институтҳои демократиро, соҳаи тиб ва маорифро дар Тоҷикистон тақвият медиҳанл, равона карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.