Тӯҳфаҳои раиси вилояти Хатлон ба шахсони дорои имконияти маҳдуд

Қӯрғонтеппа. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси вилояти Хатлон ба муносибати ҷашни Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ба 30 нафар маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа тӯҳфаҳо тақдим кард. Дар маросими супурдани тӯҳфаҳо Ғайбулло Афзалов аз ҷумла зикр намуд, ки мақомоти раҳбарии ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дастгирии маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизаот аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад […]

Сайрахмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси вилояти Хатлон ба муносибати ҷашни Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ба 30 нафар маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа тӯҳфаҳо тақдим кард.

Дар маросими супурдани тӯҳфаҳо Ғайбулло Афзалов аз ҷумла зикр намуд, ки мақомоти раҳбарии ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дастгирии маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизаот аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад кард. Ӯ аз дигарон низ даъват ба амал овард, ки ба ин иқдоми хайрхоҳона ҳамроҳ шаванд, то ки афроди дорои имконияти маҳдуд худро бо мушкилоташон яккаву танҳо ҳис накунанд.

Ба қавли раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа Абдусамад Бобоҷонов, мақомоти раҳбарии вилоят ва шаҳри Қӯрғонтеппа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз мушкилоти маъюбон худро канор нагиранд. «Бо дастгирии шахсии раиси вилоят Ғайбулло Афзалов мо дар остонаи ҷашни иди Наврӯз тӯи хонадоршавии ду нафар маъбонро барпо кардем», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа 570 нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.