Вазири кишоварзӣ бобати суръат бахшидан ба корхои сохтмонӣ дар иншооти Ёвон дастур дод

Date:

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов аз ноҳияи Ёвони вилояти Хталон боздид кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзуллло Дадабоев хабар дод, сафари вазир дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон сурат гирифт.

Ба қавли Дадабоев, Қосим Қосимов бо фаъолияти корхонаи «Криолит»-и ноҳияи Ёвон аз наздик ошно гардида, ҳамчуни бо вазъи толори варзишӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоати «Норин шинос шуд. «Зимни шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, вазири кишоварзӣ дастур дод, ки баҳри саривақт ва хушсифат ба анҷом расидани онҳо тамоми кӯшиш ба харҷ дода шавад», – гуфт сардори хадамоти матбуоти вазорат.

Ба гуфтаи сарчашма, дар ҷараёни сафар Қ.Қосимов ҳамчунин бо рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва кишти такрорӣ дар ҷамоатҳои «Норнин», «Гулсара Юсуфова» ва «Чоргул» низ аз наздик ошно гардида, баҳри беҳбуд бахшидан ба иҷрои корҳои агротехникӣ ва ба даст овардани ҳосилнокии балан дастуру тавсияҳои мушаххас додааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...