Вазири кишоварзӣ бобати суръат бахшидан ба корхои сохтмонӣ дар иншооти Ёвон дастур дод

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов аз ноҳияи Ёвони вилояти Хталон боздид кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзуллло Дадабоев хабар дод, сафари вазир дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон сурат гирифт. Ба қавли Дадабоев, Қосим Қосимов бо фаъолияти корхонаи «Криолит»-и ноҳияи Ёвон […]

Машҳура Абдууллоева

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов аз ноҳияи Ёвони вилояти Хталон боздид кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзуллло Дадабоев хабар дод, сафари вазир дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон сурат гирифт.

Ба қавли Дадабоев, Қосим Қосимов бо фаъолияти корхонаи «Криолит»-и ноҳияи Ёвон аз наздик ошно гардида, ҳамчуни бо вазъи толори варзишӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоати «Норин шинос шуд. «Зимни шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, вазири кишоварзӣ дастур дод, ки баҳри саривақт ва хушсифат ба анҷом расидани онҳо тамоми кӯшиш ба харҷ дода шавад», – гуфт сардори хадамоти матбуоти вазорат.

Ба гуфтаи сарчашма, дар ҷараёни сафар Қ.Қосимов ҳамчунин бо рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва кишти такрорӣ дар ҷамоатҳои «Норнин», «Гулсара Юсуфова» ва «Чоргул» низ аз наздик ошно гардида, баҳри беҳбуд бахшидан ба иҷрои корҳои агротехникӣ ва ба даст овардани ҳосилнокии балан дастуру тавсияҳои мушаххас додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.