З.Зубайдов: Қотилони шаҳрванди Тоҷикистон муҷозот мешаванд

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов дар робита ба қазияи қатли панҷ шаҳрванди хориҷӣ дар марзи Афғонистону Покистон чунин ибрози андеша намуд, ки ин қазия миёни ҷомеаи Покистон сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард. «Аксари мардуми ин ҷо амали нерӯҳои сохторҳои қудратии Покистонро, ки афроди […]

Парвина Ҳамидова

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов дар робита ба қазияи қатли панҷ шаҳрванди хориҷӣ дар марзи Афғонистону Покистон чунин ибрози андеша намуд, ки ин қазия миёни ҷомеаи Покистон сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард.

«Аксари мардуми ин ҷо амали нерӯҳои сохторҳои қудратии Покистонро, ки афроди ғайримусаллаҳро ҳадафи тир қарор додаанд, қобили қабул намешуморанд», – мегӯяд дипломат. Ба қавли ӯ, аз рӯйи ин далел аллакай зиёда аз 25 нафар марзбонону кормандони пулис боздошт шуда, «онҳо ҳатман муҷозот хоҳанд шуд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми май зимни убури марз марзбонон ва кормандони пулис панҷ нафар шаҳрванди хориҷиро ба қатл расониданд.

Комиссия муайян кардааст, ки хориҷиён ба Покистон тавассути Эрон омадаанд. Онҳоро дар мошини кирокардаашон корманди пулис ба шӯъба бурданӣ мешавад, вале онҳо ӯро бо зарба беҳуш намуда, фирор мекунанд. Дар роҳи фирор онҳо ба гузаргоҳи марзӣ дучор омада, гуфта мешавад, сипас дар он ҷо инфиҷор ба вуқӯъ пайваста, тирпарронӣ шурӯъ мешавад. Сабаби инфиҷор ва аз ҷониби кадом ҷониб нахустин шуда оташ кушодан муайян нашудааст. Танҳо пас аз ин хориҷиён бо ҷароҳатҳо рӯйи замин меафтанд. Афсарони тоза ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда хориҷиёни захмиро дубора тирборон мекунанд, ки бар асари он ҳамаи онҳо ба ҳалокат мерасанд.

З.Зубайдов мегӯяд, албатта, убури марз бидуни раводид ғайриқонунӣ аст, вале ин маънои онро надорад, ки бо онҳо чунин ваҳшиёна рафтор намуд. «Ҷомеаи Покистон аз ин амали сохторҳои қудратӣ норозигии шадид изҳор намуда, ҳатто чунин акидаҳое ҳам буданд, ки гунаҳкорони асосӣ ба ҷазои олӣ маҳкум карда шаванд», – иброз дошт вай.

Ба қавли сафир, якчанд фарзияҳои бидуни раводид ба қаламрави Покистон ворид шудани хориҷиён мавҷуд аст. Тибқи баъзе маълумот, онҳо метавонистанд бо террористон алоқа дошта бошанд. Зубайдов мегӯяд, фарзияе низ мавҷуд аст, ки гӯё маҳз дар Балуҷистон шабакаи интиқоли гурезагон ба кишварҳои Ғарб мавҷуд будааст, ки бо гузашти чанд вақте онҳо метавонистаанд дар он кишварҳо мақоми расмиро соҳиб шаванд. Дипломат таъкид сохт, ки то ҳанӯз ин ҳолат дақиқу саҳеҳ муайян карда нашудааст

Дипломат ҳамчунин аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост намуд, ки бидуни асноди дахлдор аз сафар ба музофоти ноороми Покистон худдорӣ кунанд.

Сафир ҳамчунин изҳор дошт, ки Вазоарти корҳои хориҷии Тоҷикистон онҳоро ба муайян кардани тамоми ҷузъиёти ин ҳодиса муваззаф сохта, ҷараёни ин қазия мудом таҳти назорат аст. «Дар ҷараёни ба ватан баргардонидани шаҳрвандони тоҷики дар макотби олии динӣ таҳсилдошта мо бо ҳолатҳое дучор омадем, ки шаҳрвандон умуман ҳатто шиносномаву раводид ва дигар асноди зарурӣ надоранд, ки дар ин ҳолат худро ба хатари марговар гирифтор месозанд», – афзуд З.Зубайдов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.