Қабули эътимодномаи сафири тозатаъини Покистон дар Тоҷикистон

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири навтаъйини фавқулъода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Амҷад Ҳусайн Баркаталӣ Сиялро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона анҷом ёфт, Сафир нусхаи варақаи эътимодро ба Вазири корҳои хориҷӣ […]

Asia-Plus

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири навтаъйини фавқулъода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Амҷад Ҳусайн Баркаталӣ Сиялро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона анҷом ёфт, Сафир нусхаи варақаи эътимодро ба Вазири корҳои хориҷӣ супорид. Инчунин масоили вобаста ба густариши муносибатҳои байни ду кишвари Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.

Сафири Покистон таъкид намуд, ки дар адои вазифаи нави худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ба муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Покистон саҳми арзанда гузорад. Таъкид гардид, ки барқарор намудани тамосҳои бештар байни мардум ва доираҳои соҳибкорони ду кишвар ба қавӣ гардонидани муносибатҳо рӯҳи тоза мебахшад.

Ҳарду ҷониб мувофиқ ба он буданд, ки густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Покистон робитаи мустақим ба вазъият дар Афғонистон дорад ва бояд дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он кишвар Тоҷикистон ва Покистон саҳмгузор бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.