ВКХ: Баҳри нуфузи кишвар мо наметавонем талаботи адолати судиро нодида бигирем

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳудуди 40%-и кормандони Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ҳатто собиқаи кори дусола ҳам надоранд. Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки сатҳи дониши ҷавонони тайи се соли ахир дар вазорат ба кор қабулшуда ба талабот ҷавобгӯ аст. «Масалан, моҳи […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳудуди 40%-и кормандони Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ҳатто собиқаи кори дусола ҳам надоранд.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки сатҳи дониши ҷавонони тайи се соли ахир дар вазорат ба кор қабулшуда ба талабот ҷавобгӯ аст.

«Масалан, моҳи гузашта мувофиқи натиҷаҳои озмун барои кор ба вазорат 10 нафар хатмкардагони макотиби олии ватанӣ ва хориҷӣ ба кор қабул карда шуданд», – изҳор дошт вай.

Дар посух ба суоли таъсири ҳабси хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов ба мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ вазир таъкид кард, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд буда, ҳар як шахс бояд дар назди қонун ҷавобгӯ бошад.

«Дар саросари ҷаҳон чунин аст. Агар нисбати шахси муайяне ба хадамоти махсус маълумоти манфие бирасад, он санҷида мешавад ва баҳри нуфузи кишвар мо наметавонем талаботи тартиботи ҳуқуқӣ ва адолати судиро нодида бигирем», – таъкид сохт Ҳ.Зарифӣ ва дар ҳамин ҳол зикр намуд, ки бобати нисбати Усмонов истифода бурдани шиканҷаву озор ва нақзи ҳуқуқи ӯ ҳеҷ далеле мавҷуд нест. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 66

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA-2026 шуд

Ин панҷумин қаҳрамонии Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст.

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...