Қаҳҳоров: Нисбати кормандони милисаи гунаҳкор чора андешида шуд

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кормандони милисае, ки нисбаташон оид ба далели марги шаҳрванд Сангов парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст, дар бораи мувофиқати нопурраи хизматӣ аз ҷониби ВКД огаҳӣ гирифта, ба муовини сардори ШКД-и Сино-1 огоҳии қатъӣ дода шуд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ дар робита ба қазияи марги шаҳрванд Сангов вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ […]

Парвина Ҳамидова

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кормандони милисае, ки нисбаташон оид ба далели марги шаҳрванд Сангов парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст, дар бораи мувофиқати нопурраи хизматӣ аз ҷониби ВКД огаҳӣ гирифта, ба муовини сардори ШКД-и Сино-1 огоҳии қатъӣ дода шуд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ дар робита ба қазияи марги шаҳрванд Сангов вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров.

Ба гуфтаи Абдураҳим Қаҳҳоров, айни замон ин чораҳои ҳадди ниҳоии маъмурӣ буда, пас аз ҳукми додгоҳ маълум хоҳад шуд, ки минбаъд боз чӣ чораҳое метавон андешид.

Вазир ҳамчунин масъалаи ба мансабҳои баландтар таъин намудани кормандони вазоратро, ки ахиран амали онҳо бинобар ҷой доштани далелҳои марги боздоштшудагон тахминан бар асари истифодаи шиканҷа мавриди интиқоди аҳли ҷомеа карор гирифтааст, шарҳ дод. Ин ҷо сухан сари Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ва Раҳмонқул Давлатов, собиқ сардори ШКД-и ноҳияи Сино-1 меравад, ки чанд моҳ қабл мутаносибан яке муовини вазири корҳои дохилӣ ва дигаре сардори хадамоти амнияти вазорат таъин гардиданд.

«Нисбат ба Давлатов гуфта наметавонам, ки ӯ мансаби баландтареро соҳиб гардида бошад, вале Тағоймуродов бо пешниҳоди ман муовини вазир таъин гардид, – гуфт ӯ дар посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» – Дар фаъолияти ҳамарӯза бо кормандони ҷудогона баъзе ҳодисаҳо рух медиҳанд. Ман масъулиятро барои рафтори кормандонам аз дӯш гирифтанӣ нестам, вале агар барои як ҳодиса маро аз кор озод намоянд, ин нодуруст хоҳад буд. Тағоймуродов чӣ гуноҳ дорад? Гуноҳаш ин аст, ки шуморо ба додгоҳ кашидааст?».

Ёдрас мекунем, ки қазияи Сафаралӣ Сангов, ки дар ҷомеа сарусадои зиёде ба бор овард, моҳи марти соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст. Пас аз ҳабси дағалона ва рафтори бераҳмона нисбати гумонбаршуда ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Сангов ва овардани ӯ ба бинои ШКД, Сангов ба шӯъбаи эҳёгарии беморхона интиқол дода шуда,

пас аз чанд рӯз ба ҳуш наомад ва ба ҳалокат расид. Хешовандони Сангов мегӯянд, ки ӯ мавриди латукӯб қарор гирифтааст, кормандони ШКД бошад, изҳор мекунанд, ки ӯ худро аз зинапоя ба поин афканда, сарашро ба девор задааст ва худкушӣ кардааст.

Ба туфайли ВАО ва ҷалби созмонҳои байнулмилаливу дифоъ аз ҳуқуқ ин қазия дар ҷомеа вокуниши пурсарусадо ба бор овард. Аз ҷумла, созмони маъруфи байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International ва Дафтар оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштарак интишор намуда, аз ҳолатҳои қазияи марги Сафаралӣ Сангов изҳори нигаронӣ намуданд.

Қазияи дигари марбут ба Анвар Тағоймуродов баъди чопи мақолаи «Следствие или инквизитсия» (Тафтишот ё шиканҷаву зулм) дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс» рӯйи кор омад, ки дар он як қатор ҳолатҳои истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд, аз ҷумла ҳолатҳое, ки боиси марг ҳам шуда буданд, инъикос ёфта буданд.

Пас аз ба табъ расидани мақола Тағоймуродов, ки он замон роҳбарии Раёсати мубориза ьбар зидди ҷинояткории муташаккилро ба ӯҳда дошт, бо талаби рӯёнидани зарар «барои паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ» аз болои ҳафтанома ба додгоҳ шикоят бурд.

Қаҳҳоров бо таваҷҷӯҳ ба ин қазия ҳамчунин гуфт, дар замони ҳодисаҳои дар мақола инъикосшуда (соли 2009) Тағоймуродов роҳбарии ин раёсатро бар дӯш надошт ва аз ин рӯ, сарфи назар аз собит гардидан ё нагардидани далелҳо, ҳеҷ масъулияте «ҳатто маънавӣ» ҳам барои он амалҳо надорад. Ӯ дар идома афзуд, Тағоймуродов барои он ба додгоҳ шикоят бурдааст, ки дар замони чопи мақола ҳамчун роҳбари раёсати мазкур ифои вазифа мекард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.