Бастани бозорҳои ғайриқонунии машғул ба фурӯши масолеҳи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Таъсиси шӯъбаи махсуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Роғун ба бастани бозорҳои ғайриқонунии машғул ба фурӯши масолеҳи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мусоидат кард, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ директори агентии мазкур Фаттоҳ Саидов. Ба қавли ӯ, дар ин бозорҳо аслан масолеҳи сохтмони аз майдони […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Таъсиси шӯъбаи махсуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Роғун ба бастани бозорҳои ғайриқонунии машғул ба фурӯши масолеҳи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мусоидат кард, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ директори агентии мазкур Фаттоҳ Саидов.

Ба қавли ӯ, дар ин бозорҳо аслан масолеҳи сохтмони аз майдони нерӯгоҳи «Роғун» дуздидашуда фурӯхта мешуданд.

«Айни замон далелҳои дуздии масолеҳ ва таҷҳизот аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»  ба миқдори беҳад зиёд камтар шудаанд, вале фикр мекунам, ки то ҳанӯз ҳодисаҳои ба коррупсия даст задан мавҷуданд», – гуфт ӯ.

Ф.Саидов ҳамчунин гуфт, чанде қабл дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба гумони даст доштан дар дуздии маводи сӯзишворӣ якчанд сарбозону афсарони Гвардияи миллии Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.