Боздиди намояндагони доираҳои тиҷоратии Британияи Кабир аз Тоҷикистон

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Раиси гурӯҳи парлумони Британияи Кабир оид ба Осиёи Марказӣ Лорд Вейверлиро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот бо иштироки сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур масоили ҳамкории минтақавӣ, вазъи […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ


Раиси гурӯҳи парлумони Британияи Кабир оид ба Осиёи Марказӣ Лорд Вейверлиро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот бо иштироки сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур масоили ҳамкории минтақавӣ, вазъи Афғонистон, рушди муносиботи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба ва ҳамчунин ҷалби сармоягузорони Британияи Кабир баҳри маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар робита ба ин масъалаи ташкили сафари ҳайати намояндагони доираҳои тиҷоратии Британияи Кабир ба Тоҷикистон низ баррасӣ гардид.

Ба иттилои манбаъ, Ҳ. Зарифӣ бо мақсади фароҳам сохтани шароити мусоид барои тоҷирон зарурати ташкили заминаи ҳуқуқии шартномавиро таъкид сохт.

Лорд Вейверли ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи баргузории конфронс оид ба Осиёи Марказӣ дар Британияи Кабир дар моҳи ноябри соли ҷорӣ маълумот дода, зарурати иштироки намояндагони Тоҷикистон дар сатҳи заруриро изҳор намуд. Ин конфронс аз ҷониби Ditchley Foundation (Фонди Дичли) созмон дода мешавад.

«Дар фарҷом Ҳамрохон Зарифӣ ба лорд Вервейли барои таваҷҷӯҳ ба ҳалли мушкилоти Тоҷикистон ва кӯшишот ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ кард», – афзуд сарчашма.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.