Сӯзонидани ҳудуди 200 кило маводи мухаддир дар оташдонҳои АНМН

Date:

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон бо тартиби муқаррашудаи қонунгузорӣ дар оташдонҳои махсус як миқдор маводи мухаддир нобуд карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҳузури комиссияи иборат аз кормандони мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу рӯзноманигорон беш аз 197 кило маводи мухаддир, аз ҷумла зиёда аз 11,5 кило героин, 54 кило афюн ва наздики 110 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис сӯзонида хоҳад шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 34 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, аз рӯи онҳо ҳукми додгоҳ содир шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар муддати 12 соли фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар оташдонҳои махсуси агентӣ зиёда аз 13,5 тонна маводи нашъаовар нобуд карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...