ВКХ ҳодисаи дар марз рухдодаро меомӯзад

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳодиса дар марзи Афғонистону Тоҷикистон рухдода, ки бар асари он 8 нафар шаҳрвандони кишвари ҳамсоя кушта шуданд, огоҳ аст. Роҳбари департаменти иттилооти вазорати мазкур Давлат Назриев дар робита ба ин масъала мегӯяд, ҳангоми ташрифи вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расул ба Тоҷикистон фарзияи Афғонистон […]

Парвина Ҳамидова

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳодиса дар марзи Афғонистону Тоҷикистон рухдода, ки бар асари он 8 нафар шаҳрвандони кишвари ҳамсоя кушта шуданд, огоҳ аст.

Роҳбари департаменти иттилооти вазорати мазкур Давлат Назриев дар робита ба ин масъала мегӯяд, ҳангоми ташрифи вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расул ба Тоҷикистон фарзияи Афғонистон нисбати ин қазия пешниҳод гардидааст ва мутобиқи ин фарзия, кушташудагон дар марз аъзои як гурӯҳи сайёҳӣ будаанд. «Айни замон ин ҳодиса мавриди омӯзиши мо қарор дорад, зеро фарзияи мақомоти қудратии ҷониби Тоҷикистон дигар аст», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шӯрообод ҳашт нафар шахсони ғайриқонунӣ марзро убурнамуда, ки ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар донита мешуданд, кушта шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 23-юми июл ба вуқӯъ пайваст. Бино ба маълумоти мақомоти Тоҷикистон, дар ҷойи ҳодиса 50 кило маводи мухаддир ва аслиҳа дарёфт гардидааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.