Тӯраҷонзода: Ба афви Искандаров, Салимов ва Мирзоев умедворам

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Эълон шудани афв дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ аз ҷониби сарвари давлат амали бузург ва хайру савоб аст, – мегӯяд рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала ӯ изҳор кард, ки ҳоло […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Эълон шудани афв дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ аз ҷониби сарвари давлат амали бузург ва хайру савоб аст, – мегӯяд рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала ӯ изҳор кард, ки ҳоло пурра бо матни санади мазкур шинос нашудааст, аммо аз ин амали ҳукуматдорон ҷонибдорӣ мекунад.

«Ман умедворам, ки шахсони барои афкор ва амали ҷанбаи сиёсидошта маҳкумгардида, аз ҷумла Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев низ мавриди афв қарор мегиранд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин бар ин назар аст, ки садҳо ҷонибдорони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки аз ҷониби ҳукумат ба гумони содир намудани ҷиноят мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтаанду бо ин сабаб дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд, низ бояд афв шаванд.

Тӯраҷазонзода ҳамчунин нияти ҳууматдорон дар мавриди афви ҳаммаслакони полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиевро низ ҷонибдорӣ намуд.

«Чунин иқдомот танҳо ба таҳкими сулҳу субот дар кишвар мусидат менамоянд», – афзуд Тӯраҷонзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.