Аввали моҳи август нақби «Истиқлол» баста мешавад

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аввали моҳи августи соли равон ҳаракати нақлиёт тавссути нақби «Истиқлол» муваққатан манъ карда мешавад. Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, айни замон ширкати эронии «Sangob», ки сохтмони нақбро идома медиҳад, ба интиқоли техникаву таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати муҷаҳҳаз сохтани нақб бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва ҳавософкун машғул аст. […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аввали моҳи августи соли равон ҳаракати нақлиёт тавссути нақби «Истиқлол» муваққатан манъ карда мешавад.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, айни замон ширкати эронии «Sangob», ки сохтмони нақбро идома медиҳад, ба интиқоли техникаву таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати муҷаҳҳаз сохтани нақб бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва ҳавософкун машғул аст.

«Идомаи корҳои сохтмонӣ дар нақб аввали моҳи август шурӯъ мегарданд», – гуфтанд дар Вазорати энергетика ва саноати кишвар.

Бино ба иттилои манбаъ, масъалаи сармоягузорӣ ба идомаи сохтмони нақб ҳаллу фасл гардида, Тоҷикистону Эрон барои ҷудо кардани 3 млн. доллари ИМА аз ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расидаанд. То ахири соли равон пурра ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки нақби «Истиқлол» на танҳо муддати тамоми сол робита бо минтақаи шимоли ҷумҳуриро таъмин мекунад, балки минбаъд барои даст ёфтан ба кишварҳои хориҷи дуру наздик низ шароит фароҳам хоҳад сохт.

 Сохтмони нақб соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Sobir International» оғоз гардида буд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур Эрон беш аз 31 млн. доллари ИМА ҷудо кард, ки 10 млн. $-и он бурс ва 21, 2 млн. доллари ИМА қарз буд. Аз замони оғози амалисозии лоиҳа ҳиссаи Тоҷикистон дар он 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.