АНМН: Пешгирии интиқоли навбатии миқдори зиёди ҳашиш ба хориҷи кишвар

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон як амалиёти муваффақонаи пешгирӣ аз интиқоли навбатии миқдори зиёди маводи мухадирро доир сохтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, ҳангоми санҷиши маълумоти фаврии расида ошкор гардидааст, ки дар хонаи сокини 29-солаи […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон як амалиёти муваффақонаи пешгирӣ аз интиқоли навбатии миқдори зиёди маводи мухадирро доир сохтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, ҳангоми санҷиши маълумоти фаврии расида ошкор гардидааст, ки дар хонаи сокини 29-солаи ҷамоати Дӯстии ноҳияи Ваҳдат маводи мухаддир ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад.

«Зимни санҷиши хонаи мазкур бо ёрии саги хидматии мулаққаб ба «Ричи» дар дохили сандуқи оҳании миёни коҳҳо пинҳоншуда ҳудуди 20 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки маводи мухаддир ба ҷияни 22-солаи бекори соҳиби хона, шаҳрванд И.Н. тааллуқ дорад, ки дар ин манзил иқомат мекардаасту қаблан доғи судӣ надоштааст. Маводи мухаддирро ӯ аз шаҳрванди Афғонистон харида, муддате дар ин ҷо пинҳон кардааст ва ният доштааст, ки баъди чанде онро бо нақлиёт тавассути ноҳияи Ҷиргатол ба Қирғизистон интиқол диҳад.

Манбаъ афзуд, шаҳрванд И.Н. ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят боздошт шуда, дар тавқифгоҳи муваққатии АНМН нигаҳдорӣ мешавад ва аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов