Мулоқоти вазири нақлиёти ҷумҳурӣ бо вазири коммуникатсияи Покистон

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Душанбе мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо вазири коммуникатсияи Покистон доктор Арбоб Оламгир Хон, ки шоми 7-уми август ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор шуд. Дар гуфтушунид ба масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши рушди зербинои нақлиётии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби вазифаи стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба раҳоӣ ёфтан аз […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Душанбе мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо вазири коммуникатсияи Покистон доктор Арбоб Оламгир Хон, ки шоми 7-уми август ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор шуд.

Дар гуфтушунид ба масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши рушди зербинои нақлиётии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби вазифаи стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ тавачҷӯҳи хосса зоҳир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсат оид ба ҳамкории байнулмилалии Вазорати нақлиёти кишвар Фарида Ёқубзода хабар дод, дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи сохтмони роҳи автомобилгард ба Покистон тавассути қаламрави Афғонистон баррасӣ шуда, вазири коммуникатсияи Покистон дар робита ба ин масъала изҳор кардааст, ки дар кишвараш корҳои асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи мазкур қариб ба андозаи 70% ба иҷро расидаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо бобати ҳамеша дар робита будан оид ба масъалаи назорати ҷараёни иҷрои созишномаҳои қаблии байниҳукуматӣ дар бахши нақлиёт ба мувофиқа расидаанд.

Дар ҷараёни сафар, ки то 10-уми август идома меёбад, вохӯриҳои Арбоб Оламгир Хон бо нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.