Эрон дар Тоҷикистон боз як нерӯгоҳи барқӣ месозад

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутахассисони Эрон дар рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон нерӯгоҳи барқии «Айнӣ»-ро бунёд мекунанд. Зимни сафари кории президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон рӯзҳои 4-5-уми сентябри соли равон ба имзо расидани созишномаи байниҳукуматӣ дар ин хусус дар назар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мушовир оид ба сиёсати иқтисодии сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутахассисони Эрон дар рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон нерӯгоҳи барқии «Айнӣ»-ро бунёд мекунанд. Зимни сафари кории президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон рӯзҳои 4-5-уми сентябри соли равон ба имзо расидани созишномаи байниҳукуматӣ дар ин хусус дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мушовир оид ба сиёсати иқтисодии сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон Аббос Баёнӣ хабар дод, иқтидори нерӯгоҳи мазкур 150 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Айни замон, ба гуфтаи дипломатии эронӣ, чонибҳо масъалаи ҳаҷми ҳиссагузорӣ дар лоиҳаи мазкурро мувофиқа месозанд.

Дар сурати ба имзо расидани созшнома, ин дуввумин нерӯгоҳи барқие хоҳад буд, ки бо маблағгузории Эрон бунёд хоҳад гардид. Айни замон бо маблағгузории муштараки Эрону Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» идома дорад.

Ҳамчунин интизор меравад, ки дар ҷараёёни сафари корӣ ба Тоҷикистон Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқии «Сангтӯда-2» ширкат варзад. Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки зимни сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли гузашта, ки дар ҷараёни он Ёддошти «Аз ҷониби ширкати эронии «Фароб» мавриди омӯзиш қарор гирифтани сарбанди нерӯгоҳи барқии «Айнӣ» ба имзо расида буд, дар хусуси иштироки Эрон дар сохтмони ин нерӯгоҳ тавофуқи пешакӣ ҳосил гардида буд.

Ҳамзамон Эрон изҳор карда буд, ки дар амалисозии лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои обӣ-барқии «Нуробод-1» ва «Нуробод-2» дар рӯдхонаи Хиноб низ нияти иштирок карданро дорад. Қаблан маблағгузорӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мазкур бо шумули нерӯгоҳи «Айнӣ»-ро Чин ба ӯҳда гирифта буд, вале зери фишори Ӯзбекистон тоб наоварда, аз он даст кашид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.