Ифтитоҳи озмоишгоҳи радиологӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи радиологии Хадамоти назорати санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он барои санҷиши радиологии маҳсулоти гуногуни ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва оби ошомидании воридотӣ ва содиротӣ пешбинӣ шуда, яке аз шартҳои зарурӣ барои дохил шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо мебошад. Ғайр аз ин, пас аз таъмири асосӣ озмоишгоҳи санитарӣ-бактериологӣ низ ба истифода […]

Елена Бутакова

Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи радиологии Хадамоти назорати санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он барои санҷиши радиологии маҳсулоти гуногуни ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва оби ошомидании воридотӣ ва содиротӣ пешбинӣ шуда, яке аз шартҳои зарурӣ барои дохил шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо мебошад.

Ғайр аз ин, пас аз таъмири асосӣ озмоишгоҳи санитарӣ-бактериологӣ низ ба истифода дода шуд. Он пурра таҷдид гардида, бо таҷҳизоти компютерии зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст. Арзиши таҷҳизот бо шумули таъминоти барномавӣ ҳудуди 150 ҳазор Евроро ташкил медиҳад.

Мутахассисоне, ки дар озмоишгоҳҳои радиологӣ ва санитарию бактериологӣ фаъолият доранд, дар марказҳои чунин озмоишгоҳҳои Таиланд, Туркия, Русия ва Қазоқистон таҷриба андӯхтаанд.

Ба гуфтаи муовини директори Хадамоти давлатии назорати санитарӣ Наврӯз Ҷаъфаров, ҳукумати ҶТ ва Вазорати тандурустии ҶТ барои тармиму таҷдиди озмоишгоҳҳо маблағи зарурӣ ҷудо кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.