Суғд: Боздошти сокинони Кӯлоб бо зиёда аз 30 кило ҳашиш

Аввали ҳафтаи равон зимни баргузории амалиёти махсус кормандони мақомоти милиса дар нақлиёти вилояти Суғд ду нафар сокинони Кӯлобро бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар борхалтаҳои сафарии Нурулло Саидов ва Дилшод Сатторов, ки ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз Кӯлоб омада буданд, 33 кило […]

Аваз Юлдошев

Аввали ҳафтаи равон зимни баргузории амалиёти махсус кормандони мақомоти милиса дар нақлиёти вилояти Суғд ду нафар сокинони Кӯлобро бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар борхалтаҳои сафарии Нурулло Саидов ва Дилшод Сатторов, ки ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз Кӯлоб омада буданд, 33 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ҳангоми бозпурсии нахуст боздоштшудагон иқрор шудаанд, ки онҳо ҳамаи маводи мухадирро яклухт ба маблағи 20 ҳазор доллари ИМА фурӯхтанӣ будаанд.

Ба иттилои манбаъ, нашъафурӯшон ба ҳабс гирифта шуда, нисбат ба аъмоли онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон аз ҷониби кормандони вазорат аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 1,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.