Ш. Давлатов: «ФФТ барои мусоидат ба қабули мухлисони ӯзбек омода аст»

Дар Тоҷикистон ба баргузории вохӯрии даври сеюми мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё миёни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагӣ мегиранд. Ба гуфтаи мудири шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Турсунзода Азимҷон Назаров, корҳои омдагӣ ба баргузории вохӯрӣ аллакай оғоз гардида, масоили дар сатҳи зарурӣ доир сохтани он таҳти назорати шахсии раиси шаҳр қарор […]

Ҳайдар Шодиев


Дар Тоҷикистон ба баргузории вохӯрии даври сеюми мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё миёни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагӣ мегиранд.

Ба гуфтаи мудири шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Турсунзода Азимҷон Назаров, корҳои омдагӣ ба баргузории вохӯрӣ аллакай оғоз гардида, масоили дар сатҳи зарурӣ доир сохтани он таҳти назорати шахсии раиси шаҳр қарор доранд. «Таъмини амният дар варзишгоҳ ба дӯши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бригадаҳои ҷавонон вогузор гардида, ҷиҳати ҷалби мухлисон ба варзишгоҳ корҳои таблиғотӣ ба роҳ монда шуданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Назаров, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани вохӯрӣ робитаи зичи мақомоти шаҳрдорӣ ва Федератсияи фтболи ҷумҳурӣ зарур аст, то ки мушкилоти пайдошуда саривақт ҳал карда шавад. «Ман бар ин назарам, ки барои ҷалби бештари мухлисон ба вохӯрӣ роҳандозии ворид шудан ба варзишгоҳ ба таври ройгон мувофиқи мақсад аст», – афзуд номбурда.

Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар робита ба ин масъала мегӯяд, мақомоти раҳбарии федератсия низ омодагӣ ба вохӯриро оғоз карданд. «Таҳти сарварии президенти федератсия Сӯҳроб Қосимов кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуда, нақшаи омодагии иборат аз 22 банд, аз ҷумла истиқболи меҳмонон, ташкили пахши телвизионии вохӯрӣ ва ғайра тасдиқ карда шуд», – гуфт ӯ.

Перомуни масъалаи ба вохӯрӣ омадани мухлисони ӯзбек, Ш. Давлатов гуфт, айни замон Федератсияи футболи Ӯзбекистон бобати ин масъала муроҷиат накардааст, вале «агар чунин муроҷиат шавад, мо барои мусоидат ба қабули онҳо омодаем».

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, аз мухлисони ӯзбек ба сафорат то ҳанӯз дархосте ворид нашудааст. «Мо танҳо аз ҷониби дастаи мунтахаби футболи Ӯзбекистон ва намояндагони Федератсияи футболи ин кишвар барои қабули 40 нафар дархост қабул кардем», – гуфтанд дар сафорат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 2-юми сентябри соли равон дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода вохӯрии дастаҳои мунтахаби фтболи Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 16:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.