Ифтитоҳи як маҷмааи нави мӯҳташами варзишӣ дар Душанбе

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муҳташами варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони ду бинои боҳашамати маъмурӣ оғоз ёфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бинои муҳташами Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои […]

Asia-Plus

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муҳташами варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони ду бинои боҳашамати маъмурӣ оғоз ёфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бинои муҳташами Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

 Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки толори бузурги ин маҷмаа бо 1,5 ҳазор ҷойи нишасти тамошобинон барои намудҳои зиёди варзиш, аз ҷумла волейбол, баскетбол, ганбол, футболи хурд ва муҳорибаҳои гуногуни тан ба тан пешбинӣ шудааст.

 Ин маҷмааи бузурги варзишӣ, дорои толори машқу тамрини гимнастикӣ барои духтарон, толори муҷаҳҳази варзиши бадан барои писарон ва ҳавзи шиноварӣ бо тамоми шароити муосири мутобиқ ба талаби замон мебошад.

 Хотиррасон бояд намуд, ки оғози бунёди иншооти сершумори варзишӣ дар тамоми гўшаю канори кишвар баъди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гашта буд, бо супориши Сарвари давлат авҷ гирифт.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ ин бинои муҳташами дорои шароити хуби машқу тамринро туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон номида, иттилоъ дод, ки дар ин рўзҳои идона дар кишвар даҳҳо варзишгоҳҳо, толорҳои хурду бузурги варзишӣ ва дигар иншооти ин соҳа мавриди истифода қарор мегиранд ва бунёди даҳҳо иншооти варзишии дигар идома дорад.

 Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, дар ҳудуди маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангии маркази шаҳр ба сохтмони биноҳои ояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои минбаъда оғоз бахшид.

 Тавре зикр гардид, бинои маъмурии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу намои зебои муосир бунёд ёфта, аз 12 ошёна иборат хоҳад буд. Дар ин бино барои зиёда аз 300 нафар кормандони ин кумита шароити хуби корӣ бо тамоми утоқу толорҳои зарурӣ муҳайё хоҳад шуд.

 Бинои маъмурии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз 12 ошёна иборат буда, барои беш аз 250 нафар коргарон пешбинӣ шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, оянда дар ин бино ҳамчунин роҳбарият ва кормандони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва як зумра федератсияҳои намудҳои гуногуни варзиш низ ҷойгир хоҳад шуд.

 Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳарду бино бояд дар мўҳлати ду соли оянда, сохта ба истифода дода шаванд.

 Биноҳои маъмурии Кумитаи андоз ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ду паҳлўи бинои нави дар ҳоли сохтмон қарордоштаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва рў ба рўи майдони Парчами давлатию қасри Миллат қарор гирифта, ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангии ин мавзеи дилнишини пойтахт ҳусни тоза хоҳанд бахшид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.