Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба ҷурми сохтакорӣ кардан ва фурӯши ғайриқонуни маводи дорувории тиббӣ бори нахуст як соҳибкор ба мӯҳлати зиёди зиндон маҳкум гардид
.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти дорусозии Раёсати нозироти давлатии фаъолияти дорусозӣ дар вилояти Суғд Мирзорустам Ғафуров хабар дод, моҳи майи соли равон пас аз «маълумоти аз шаҳрвандон» расида, зодаи шаҳри Душанбе Ҳаким Аҳмедов таҳти мушоҳида қарор дода шуд.
«Мақомоти додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба санҷиши фаъолияти ин соҳибкор шурӯъ намуда, дар озмоишгоҳ ташхиси кимиёвии дорувории тиббии «Дюфастон», ки соҳибкор ба фурӯши он машғул буд, гузаронида шуд . Маълум шуд, ки ин ҳабҳо сохташуда буда, дар яке аз коргоҳҳои ғайриқонунии Чин тайёр карда шудаанд. Аз Аҳмедов 288 қуттии ин доруворӣ мусодира карда шуд», – гуфт ӯ.
Ба соҳибкор мутобиқи моддаҳои 210 (Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти амалии хусуии тиббӣ ва фаъолияти хусусии фармасефтӣ), 247 (Қаллобӣ) ва 294 (Фиреби истеъмолкунандагон) айбнома пешниҳод гардида, парвандаи ҷиноӣ баҳри моҳиятан баррасӣ шудан ба додгоҳи шаҳри Чкаловск супурда шуд. Додгоҳи мазкур соҳибкорро дар содир намудани ин ҷиноятҳо гунаҳкор шумурда, ба муддати 10 соли зиндон маҳкум намуд.
«Хушбахтона, касе аз ин ҳабҳои сохташуда зарар надид, зеро ӯ ба паҳн кардани онҳо фурсат пайдо накард. Миқдоре, ки ӯ ба нуқтаҳои фурӯши вилояти Суғду шаҳри Душанбе дода буд, мусодира шуд. Он замон як қуттии ин ҳабҳо беш аз 60 сомонӣ арзиш доштанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши он дар истеҳсолот ба ӯ ба маблағи 7 сомонӣ дастрас шудааст», – гуфт Ғафуров.
Номбурда ҳамзамон зикр кард, ки соли равон аз ҷониби шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти дорусозии Раёсати нозироти давлатии фаъолияти дорусозӣ дар вилояти Суғд беш аз 450 номгӯйи воситаҳои доруворӣ ба миқдори қариб 6000 ҳазор дона мусодира шудаанд. Ин дорувории мӯҳлати истифодаашон гузашта, номувофиқ ба талаботи меъёр, аз ҷумла сохташуда низ мебошанд. Як қисмате аз онҳо дар ҳузури комиссия нобуд карда шуда, қисмати боқимонда низ ояндаи наздик нобуд мегардад.


