Радиои «Азия-Плюс» 9-сола шуд

Аз замони оғози фаъолияти радиои «Азия-Плюс» 9 сол пур мешавад. Дар таърихи 9-уми сентябри соли 2002 дар эфир мавҷҳои нахустини он садо доданд. Рӯзи таҷлили ҷашни 9-умин солгарди таъсиси радиои «Азия-Плюс» ситораҳои эстрадаи тоҷик меҳмони идораи он мешаванд. Директори радио Парвона Аҳрорӣ дар бораи барномаи идона, ки имрӯз ба шунавандагон дар мавҷи 107.0 FM пешкаш мегардад, […]

Asia-Plus


Аз замони оғози фаъолияти радиои «Азия-Плюс» 9 сол пур мешавад. Дар таърихи 9-уми сентябри соли 2002 дар эфир мавҷҳои нахустини он садо доданд. Рӯзи таҷлили ҷашни 9-умин солгарди таъсиси радиои «Азия-Плюс» ситораҳои эстрадаи тоҷик меҳмони идораи он мешаванд.

Директори радио Парвона Аҳрорӣ дар бораи барномаи идона, ки имрӯз ба шунавандагон дар мавҷи 107.0 FM пешкаш мегардад, маълумот дод.

«Аслан рӯзи таъсиси радио 9-уми сентябр аст, – гуфт Аҳрорӣ. – Аммо бинобар таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ дар ин рӯз, мо тасмим гирифтем, онро каме пештар ҷашн бигирем. Ирӯз дар мавҷҳои радио танҳо мусиқии рок садо медиҳад. Эфири мустақим аз соати 7-и субҳ оғоз гардида, то соати 9 идома меёбад».

Ба идораи радио ситораҳои эстрадаи тоҷик, аз қабили гурӯҳи «Парем», «Шамс», «Lady J», Парвина Юсуфӣ ва дигарон ҳамчун ҳамровиён даъват карда мешаванд.

Дар муддати вақти муайяншуда тӯҳфаҳое аз қабили телефон, дастгоҳи аксбардорӣ, марказҳои мусиқӣ ва ғайра ба бозӣ гузошта хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки радиои ASIA-Plus – нахустин радиои мустақили Душанбе аст. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дода, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳо пахш мекунад. Шакли барномасозии радио – иттилоотию мусиқӣ мебошад. Нашрҳои хабарӣ ҳар соат пахш мешаванд. Доираи фарогирӣ – Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахт аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.