Даъвати шаҳрдории пойтахт ба шоу барномаҳои ройгон

Ворид шудан ба боғи нави фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе, ки дар он ҳамарӯза шомгоҳон ба ифтихори таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона ва шоу-барномаҳо баргузор мешаванд, ройгон аст. Чорабиниҳои мазкур дар боғ рӯзҳои 7, 8, 9, 10 ва 11-уми сентябр доир хоҳанд гашт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов […]

Аваз Юлдошев


Ворид шудан ба боғи нави фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе, ки дар он ҳамарӯза шомгоҳон ба ифтихори таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона ва шоу-барномаҳо баргузор мешаванд, ройгон аст.


Чорабиниҳои мазкур дар боғ рӯзҳои 7, 8, 9, 10 ва 11-уми сентябр доир хоҳанд гашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, рӯзҳои минбаъда низ ворид шудан ба боғ бидуни пардохти маблағ хоҳад буд.

Ӯ зикр намуд, ки меҳмонон ва тамошогарони боғ танҳо барои истифода аз аттраксионҳо як маблағи муайяне пардохт хоҳанд кард, ки тарофаҳои он аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ муайян карда мешаванд.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз ҳамаи тамошобинони шоу-барномаҳо даъват мекунад, ки ба қоидаҳои одобу рафтори муносиб дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр риоя намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.