9 соли зиндони як доруфурӯши душанбегӣ дар Суғд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба ҷурми сохтакорӣ кардан ва фурӯши ғайриқонуни маводи дорувории тиббӣ бори нахуст як соҳибкор ба мӯҳлати зиёди зиндон маҳкум гардид . Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти дорусозии Раёсати нозироти давлатии фаъолияти дорусозӣ дар вилояти Суғд Мирзорустам Ғафуров хабар дод, моҳи майи соли равон пас аз «маълумоти аз […]

Бахтиёр Валиев


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба ҷурми сохтакорӣ кардан ва фурӯши ғайриқонуни маводи дорувории тиббӣ бори нахуст як соҳибкор ба мӯҳлати зиёди зиндон маҳкум гардид

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти дорусозии Раёсати нозироти давлатии фаъолияти дорусозӣ дар вилояти Суғд Мирзорустам Ғафуров хабар дод, моҳи майи соли равон пас аз «маълумоти аз шаҳрвандон» расида, зодаи шаҳри Душанбе Ҳаким Аҳмедов таҳти мушоҳида қарор дода шуд.

«Мақомоти додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба санҷиши фаъолияти ин соҳибкор шурӯъ намуда, дар озмоишгоҳ ташхиси кимиёвии дорувории тиббии «Дюфастон», ки соҳибкор ба фурӯши он машғул буд, гузаронида шуд . Маълум шуд, ки ин ҳабҳо сохташуда буда, дар яке аз коргоҳҳои ғайриқонунии Чин тайёр карда шудаанд. Аз Аҳмедов 288 қуттии ин доруворӣ мусодира карда шуд», – гуфт ӯ.

Ба соҳибкор мутобиқи моддаҳои 210 (Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти амалии хусуии тиббӣ ва фаъолияти  хусусии фармасефтӣ), 247 (Қаллобӣ) ва 294 (Фиреби истеъмолкунандагон) айбнома пешниҳод гардида, парвандаи ҷиноӣ баҳри моҳиятан баррасӣ шудан ба додгоҳи шаҳри Чкаловск супурда шуд. Додгоҳи мазкур соҳибкорро дар содир намудани ин ҷиноятҳо гунаҳкор шумурда, ба муддати 10 соли зиндон маҳкум намуд.

«Хушбахтона, касе аз ин ҳабҳои сохташуда зарар надид, зеро ӯ ба паҳн кардани онҳо фурсат пайдо накард. Миқдоре, ки ӯ ба нуқтаҳои фурӯши вилояти Суғду шаҳри Душанбе дода буд, мусодира шуд. Он замон як қуттии ин ҳабҳо беш аз 60 сомонӣ арзиш доштанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши он дар истеҳсолот ба ӯ ба маблағи 7 сомонӣ дастрас шудааст», – гуфт Ғафуров.

Номбурда ҳамзамон зикр кард, ки соли равон аз ҷониби шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти дорусозии Раёсати нозироти давлатии фаъолияти дорусозӣ дар вилояти Суғд беш аз 450 номгӯйи воситаҳои доруворӣ ба миқдори қариб 6000 ҳазор дона мусодира шудаанд. Ин дорувории мӯҳлати истифодаашон гузашта, номувофиқ ба талаботи меъёр, аз ҷумла сохташуда низ мебошанд. Як қисмате аз онҳо дар ҳузури комиссия нобуд карда шуда, қисмати боқимонда низ ояндаи наздик нобуд мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.