Барориши тангаҳои ҷашнии Бонки миллии Тоҷикистон

Ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии кишвар тангаҳои хотиравӣ баровард. Тангаҳои ҷашнӣ бо арзиши 50 сомонӣ аз нуқра тайёр карда шудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, тангаҳо аз ҷониби корхонаи «Интернешнл Койн Хаус»-и Швейтсария омода шудаанд. Дар маҷмӯъ шумори онҳо 3 ҳазор дона буда, вазни ҳар як […]

Заррина Эргашева


Ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии кишвар тангаҳои хотиравӣ баровард. Тангаҳои ҷашнӣ бо арзиши 50 сомонӣ аз нуқра тайёр карда шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, тангаҳо аз ҷониби корхонаи «Интернешнл Койн Хаус»-и Швейтсария омода шудаанд. Дар маҷмӯъ шумори онҳо 3 ҳазор дона буда, вазни ҳар як танга 28 грамм аст. Як тангаро метавон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пардохти 583 сомониву 89 дирам маблағ дастрас кард.

Бори нахуст тангаҳои нуқрагии арзишашон 3 ва 5 сомонӣ соли 2004 ба муносибати 80-умин солгарди шаҳри Душанбе ва 10-солагии қабули Конститутсия бароварда шуда буданд. Бори ахир бошад, тангаҳои нуқрагӣ соли 2008 ба ифтихори 1150-солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ бароварда шуд.

Соли 2006 ба муносибати таҷлили ҷашни 15-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ тангаҳо аз металлҳои қимматбаҳо, нуқра ва тило бароварда шуданд.

Тоҷикон анъанаи хеле қадими сикказанӣ ва муомилоти пулӣ доранд. Барориши аввалин сиккаҳо дар сарзамини бостонии Бохтару Суғд аз асри III то милод, аз замони давлатдории сулолаҳои Селевкиён ва Юнону Бохтариён ибтидо мегирад. Ин сиккаҳо драхма (дирҳам) ном дошта, тибқи анъанаҳои сикказании юнониён сохта мешуданд. Минбаъд сикказанӣ ва муомилоти пулӣ дар тӯли таърихи миллат ҳеҷ гоҳ қатъ нагардида, то садаи ХХ пайваста идома ёфтааст.

Авҷи аълои сикказанӣ ва муомилоти молию пулӣ ба даврони аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён (875 – 999), ки пули нави Тоҷикистони мустақил ба ифтихори онҳо «Сомонӣ» номгузорӣ шудааст, рост меояд. Қобили тазаккур аст, ки дар қаламрави ин давлати муқтадир қариб 30 маркази сикказанӣ вуҷуд дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.