Президент ҷаласаи ғайринавбатии ҳукуматро доир намуд

Date:


Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии ҳукумат баргузор гардид, ки дар он масоили омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 баррасӣ шуда, доир ба рафъи мушкилоти мавҷуда қарорҳои зарурӣ қабул гардид.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, доир ба рафти корҳои омодагӣ ба мавсими пешомади тирамоҳу зимистон Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва роҳбарони вазорату идораҳои соҳаҳои энергетика, барқ, газ, хоҷагии комуналӣ, маориф, тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, тоҷикматлубот, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, захираҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳисобот доданд.

 Зимни ҳисоботҳо, аз ҷумла зикр гардид, ки маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои харид, захира ва таъмини маводи сўхту ғизоӣ имсол нисбат ба соли 2010 2,2 баробар зиёд гардид. Корҳо барои захира намудани ангишт, гази моеъ, дигар маводи сўхт ва озуқаворӣ ба хотири таъмини муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нигоҳ доштани эътидол дар бозори истеъмолии кишвар муташаккилона идома дорад.

 Дар 8 моҳи соли равон 20 нерўгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 2,5 ҳазор кВт/с. сохта, ба кор дароварда шуд ва сохтмони 17 нерўгоҳи хурди дигар бо иқтидори умумии 7,9 ҳазор кВт/с. дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суолу ҷавоб ва суханронии худ ба масъулини дахлдор доир ба кам кардани талафоти техникии барқу газ, ҷамъоварии маблағи барқу гази истифодашуда, тезондани ғунучини ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, захира ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, оғози киштукори тирамоҳӣ, таъмини фаровонию арзонии маводи ғизоию сўзишворӣ дар бозори истеъмолии кишвар, хуб омода кардани муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва аз соли оянда як баробар зиёд намудани майдони кишти картошка дар кишвар  супоришҳои мушаххас дод.

 Таъкид гардид, ки имсол таъминот бо маводи сўхту озуқаворӣ ва умуман некуаҳволии мардум нисбат ба соли гузашта бояд хеле беҳтар шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...