Эмомалӣ Раҳмон сафири Афгонистонро ба ҳузур пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммадро ба ҳузур пазируфт .  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон бори дигар ва бевосита хоҳиш намуд, ки ҳамдардии амиқ ва тасаллияти ў ва мардуми […]

Asia-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммадро ба ҳузур пазируфт

.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон бори дигар ва бевосита хоҳиш намуд, ки ҳамдардии амиқ ва тасаллияти ў ва мардуми Тоҷикистонро аз шаҳодати Раиси Шўрои Олии сулҳи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ба фарзандону пайвандони шодравон ва ҳамчунин ба мардуми шарифи Афғонистон бирасонад.

 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз куштори даҳшатангези ин шахсияти ҷаҳонӣ ва дорои нуфузу эътибори бориз дар миёни тамоми қавму қабоили Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, ин амали террористиро шадидан маҳкум намуд.

 Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «ба марги устод Бурҳониддин Раббонӣ танҳо нерўҳое метавонанд манфиатдор бошанд, ки ҷонибдори идома ёфтани ҷангу ҷидол, ноормию бесуботӣ ва тафриқаандозӣ миёни қавмҳои Афғонистонанд, зеро ин марди бузург барои барқарорсозии ҳаёти осоишта ва рўзгори босаодати мардуми шарифи Афғонистон  пайваставу мудом ҷаҳду талош мекард».

 Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммад ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвари мо барои ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимӣ аз марги нобаҳангоми устод Бурҳониддин Раббонӣ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.