Ҳалокати собиқ президенти Афғонистон бар асари амали террористӣ

Раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва собиқ президенти ин кишвар Бурҳониддин Раббонӣ бар асари амали террористӣ дар ҳавлии манзили зисти худ ба ҳалокат расид. Ин хабарро ба РИА Новости дар мақомоти пулиси Кобул тасдиқ кардаанд. Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон рӯзи сешанбе дар кӯчаи 10-уми хиёбони Вазир Акбар Хон, ки дар наздикии маҳалли […]

Asia-Plus


Раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва собиқ президенти ин кишвар Бурҳониддин Раббонӣ бар асари амали террористӣ дар ҳавлии манзили зисти худ ба ҳалокат расид. Ин хабарро ба РИА Новости дар мақомоти пулиси Кобул тасдиқ кардаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон рӯзи сешанбе дар кӯчаи 10-уми хиёбони Вазир Акбар Хон, ки дар наздикии маҳалли намояндагиҳои дипломатӣ ва сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико воқеъ аст, инфиҷор рух додааст.

Бар асари таркиш Раббонӣ ва боз панҷ нафар меҳмонони ӯ ба ҳалокат расидаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, миёни кушташудагон аъзои Шӯрои олии сулҳ ҳузур доранд. Дар маҳалли ҳодисаи амали террористӣ гурӯҳи тафтишотӣ машғули кор аст. Дар натиҷаи инфиҷор котиби Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Маъсум Станакзай ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Гуфта мешавад, эҳтимол меравад, ки амали террористӣ аз ҷониби як террористи маргталаб ба анҷом расонида шудааст.

Тибқи фарзияи дигар, ҷинояткорон бомбаро пешакӣ дар манзили Раббонӣ гузошта будаанд.

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон бо фармони президенти кишвар Ҳомид Карзай таъсис дода шуда, бо нерӯҳои мухолифин гуфтушунид анҷом медод.

Солҳои 1980-1990 Бурҳониддин Раббонӣ яке аз пешвоёни муҷоҳидини афғон буд. Соли 1992 пас аз сарнагун кардани ҳукумати Наҷибуллоҳ то истеъфои расмии худ – 22-юми декабри соли 2001 ӯ мансаби президенти Афғонистонро бар дӯш дошт. Ахиран Бурҳониддин Раббонии 71-сола ба ҳайси раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ифои вазифа мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.