Дар Лондон тамоилҳои глобалии бекор кардани ҳукми қатл баррасӣ мешаванд

Дар конфронси байнулмилалӣ дар Лондон, ки аз ҷониби Penal Reform International (PRI – Ислоҳоти байнулмилалии маҳбас) бо дастгирии Комиссия Аврупо созмон дода шудааст, тамоилҳои глобалии бекор кардани ҳукми қатл баррасӣ мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ мушовири давлатии президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов намояндагӣ мекунад. […]

Заррина Эргашева


Дар конфронси байнулмилалӣ дар Лондон, ки аз ҷониби Penal Reform International (PRI – Ислоҳоти байнулмилалии маҳбас) бо дастгирии Комиссия Аврупо созмон дода шудааст, тамоилҳои глобалии бекор кардани ҳукми қатл баррасӣ мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ мушовири давлатии президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов намояндагӣ мекунад.

Дар сомонаи PRI www.penalreform.org хабар дода мешавад, ки дар кори чорабинии мазкур намояндагони 120 кишвари дунё, ки дар онҳо ҳукми қатл боқӣ мондааст, ширкат меварзанд.

Дар ҷараёни конфронс раиси PRI Дэвид Дауби зикр кард, ки истифодаи ҳукми қатл ҳуқуқи бунёдии инсон ба ҳаётро риоя накарда, ба шиканҷа ва ҷазои бераҳмона баробар аст ва вақти он расидааст, ки мебояд онро пурра бекор намуд.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов зикр кард, ки паёми президенти Тоҷикистон ба парлумони кишвар дар соли 2004 иқдоми назаррас дар бекор сохтани ҳукми қатл дар Тоҷикистон мебошад. Маҳз ҳамон сол дар Тоҷикистон ба истифодаи ҳукми қатл моратория эълон шуда, дар асоси он Қонуни ҶТ «Дар бораи эълони моратория ба ҳукми қатл» қабул шуд.

«Моҳи апрели соли 2010 Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши ҷанбаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии бекор сохтани ҳукми қатл дар ҶТ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони калидии ҳукумати иҷроия ва судӣ ва ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шомил гардиданд. Қобили зикр аст, ки гурӯҳи кории мазкур дар чаҳорчӯби фаъолияти худ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории хубу муфидро ба роҳ монд», – гуфт ӯ.

Иштиркчии конфронс Сергей Романов, коршиноси лоиҳаи «Пешбурди бекор кардани ҳукми қатл дар ҶТ», ки аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Нотабене» амалӣ мегардад, дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки ин вохӯрӣ ба минбаъд бекор сохтани ҳукми қатл ва такмили қонунгузорӣ нисбат ба афроди ба ҳабси абад маҳкумшуда мусоидат мекунад. «Ин муҳим аст, зеро Тоҷикистон ягона кишваре дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки дар он механизми шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани афроди ба ҳабси абад маҳкумшуда мавҷуд нест ва мо боварӣ дорем, ки ин чорабинӣ ба ҳалли масоили зиёди ин мушкилот кӯмак хоҳад кард», – афзуд ӯ.       

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.