Президент ҷаласаи ғайринавбатии ҳукуматро доир намуд

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии ҳукумат баргузор гардид, ки дар он масоили омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 баррасӣ шуда, доир ба рафъи мушкилоти мавҷуда қарорҳои зарурӣ қабул гардид.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, доир ба рафти корҳои омодагӣ ба мавсими пешомади тирамоҳу зимистон […]

Asia-Plus


Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии ҳукумат баргузор гардид, ки дар он масоили омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 баррасӣ шуда, доир ба рафъи мушкилоти мавҷуда қарорҳои зарурӣ қабул гардид.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, доир ба рафти корҳои омодагӣ ба мавсими пешомади тирамоҳу зимистон Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва роҳбарони вазорату идораҳои соҳаҳои энергетика, барқ, газ, хоҷагии комуналӣ, маориф, тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, тоҷикматлубот, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, захираҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳисобот доданд.

 Зимни ҳисоботҳо, аз ҷумла зикр гардид, ки маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои харид, захира ва таъмини маводи сўхту ғизоӣ имсол нисбат ба соли 2010 2,2 баробар зиёд гардид. Корҳо барои захира намудани ангишт, гази моеъ, дигар маводи сўхт ва озуқаворӣ ба хотири таъмини муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нигоҳ доштани эътидол дар бозори истеъмолии кишвар муташаккилона идома дорад.

 Дар 8 моҳи соли равон 20 нерўгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 2,5 ҳазор кВт/с. сохта, ба кор дароварда шуд ва сохтмони 17 нерўгоҳи хурди дигар бо иқтидори умумии 7,9 ҳазор кВт/с. дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суолу ҷавоб ва суханронии худ ба масъулини дахлдор доир ба кам кардани талафоти техникии барқу газ, ҷамъоварии маблағи барқу гази истифодашуда, тезондани ғунучини ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, захира ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, оғози киштукори тирамоҳӣ, таъмини фаровонию арзонии маводи ғизоию сўзишворӣ дар бозори истеъмолии кишвар, хуб омода кардани муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва аз соли оянда як баробар зиёд намудани майдони кишти картошка дар кишвар  супоришҳои мушаххас дод.

 Таъкид гардид, ки имсол таъминот бо маводи сўхту озуқаворӣ ва умуман некуаҳволии мардум нисбат ба соли гузашта бояд хеле беҳтар шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.