Ифтитоҳи нахустин корхонаи саноатии Тоҷикистону Русия дар Исфара

Дар шаҳри Исфара нахустин корхонаи муштараки саноатии «Бадр»-и Тоҷикистону Русия оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи саноати ҳукумати шаҳри Исфара хабар доданд, айни замон дар корхона корҳои насбу санҷиши кори таҷҳизоти истеҳсоли хориҷӣ анҷом дода мешаванд. Дар корхонаи мазкур коркард ва бандубасти зардолу ва ҳамчунин омехтаҳои […]

Бахтиёр Валиев


Дар шаҳри Исфара нахустин корхонаи муштараки саноатии «Бадр»-и Тоҷикистону Русия оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи саноати ҳукумати шаҳри Исфара хабар доданд, айни замон дар корхона корҳои насбу санҷиши кори таҷҳизоти истеҳсоли хориҷӣ анҷом дода мешаванд. Дар корхонаи мазкур коркард ва бандубасти зардолу ва ҳамчунин омехтаҳои хушк барои тайёр кардани афшураи меваҳо ба роҳ монда мешавад. Дар баробари насби дастгоҳу таҷҳизот, аллакай маҳсулот истеҳсол гардида, ин ҷо ҳудуди 100 нафар бо ҷойи кори таъмин шуданд.

Тамоми маҳсулоти корхона алҳол ба Русия ва минбаъд ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик фиристода хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти намояндагии Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд, айни замон дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия – ҶСК «Сирандуд» оид ба истеҳсоли маснӯъоти мустаҳкамкунӣ аз металл фаъолият дорад.

Дар Исфара муддати се сол аст, ки корхонаи муштараки Тоҷикистону Олмон – ҶДММ «Аураи Суғд» фаъолият мекунад, ки муассиси он шаҳрванди Русия аст. Дар ин корхона истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз санг ба роҳ монда шудааст.

Соли 2008 дар заминаи корхонаи давлатии «Заря Востока» дар ҳамдастӣ бо корхонаи истеҳсоли борути Перми Русия корхонаи муштарак оид ба  технологияи таъиноти дугонаи низомӣ таъсис дода шуд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.