Бозгашти 1 ҳазору 950 нафар тоҷикистониён аз макотиби динии хориҷӣ

То 1-уми сентябри соли равон аз макотиби динии кишварҳои исломӣ 1 ҳазору 950 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи маорифи Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Идибек Зиёев хабар дод, умуман дар кишварҳои исломӣ 2 ҳазору 413 нафар тоҷикистониён дар макотиби динӣ таҳсили илм мекарданд. […]

Меҳрангез Турсунзода


То 1-уми сентябри соли равон аз макотиби динии кишварҳои исломӣ 1 ҳазору 950 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи маорифи Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Идибек Зиёев хабар дод, умуман дар кишварҳои исломӣ 2 ҳазору 413 нафар тоҷикистониён дар макотиби динӣ таҳсили илм мекарданд.

«Ба ватан танҳо он донишҷӯёне барнагаштанд, ки расман аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин ба таҳсил фиристода шуда буданд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, аз донишҷӯёни ба ватан баргашта 129 нафар ба муассисаҳои таълимотии маҳаллӣ, 67 нафар ба макотиби таҳсилоти умумӣ, 57 нафар ба макотиби олии гуногун ва 8 нафар ба мадрасаҳо қабул карда шудаанд.

«Аммо донишҷӯёне низ ҳастанд, ки пас аз бозгашт боз ба ҷойи таҳсили пешина рафтанд, зеро онҳо дар курси охир таҳсил мекарданд ва мо ба онҳо иҷозат додем, ки таҳсилашонро ба итмом расонанд», – иброз дошт намояндаи кумита.

Дар мавриди тақдири минбаъдаи дигар донишҷӯёни баргашта Зиёев гуфт, «онҳо дар дохили кишвар ба таҳсили худ идома дода наметавонанд, зеро ягон ҳуҷҷате надоранд, ки таҳсилашон дар марказҳои динии кишварҳои исломиро тасдиқ намояд, вале айни замон аксари онҳо дар созмонҳои динӣ фаъолият дошта, бархеашон муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд».

Қобили зикр аст, ки ҷавонони тоҷик асосан дар макотиби динии кишварҳои исломие чун Арабистони Саъудӣ, Либия, Миср, Эрон, Покистон ва Яман таҳсил мекарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.