Боздиди сарвари давлат аз нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Япония

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи корхонаи муштараки Тоҷикистону Япония оид ба истеҳсоли доруворӣ аз решаи ширинбия, шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Панҷи поён ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон сафар кард. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, боздиди кории сСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин […]

Asia-Plus


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи корхонаи муштараки Тоҷикистону Япония оид ба истеҳсоли доруворӣ аз решаи ширинбия, шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Панҷи поён ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон сафар кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, боздиди кории сСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Япония, ки дар як сол то 3 ҳазор тонна решаи ширинбияро коркард намуда, аз он маҳсулоти нимтайёр барои истеҳсоли доруҳои қиматбаҳои бемориҳои ҷигар омода месозанд, оғоз ёфт.

 Корхонаро ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи Аввалин ном гузоштаанд ва ин ба он хотир аст, ки минбаъд шумораи корхонаҳои муштараки саноатии Тоҷикистону Япония, аз ҷумла доир ба истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши кишвари биҳиштосои мо зиёд шавад.

Роҳбари ширкати японии «Коки» Хироши Ёшида, ки асосгузор ва сармоягузори бунёди ин корхона мебошад, бо ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифт, ки минбаъд истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ, яъне дорувориро дар Тоҷикистон ба роҳ монда, аз ҳамин ҷо содирот мекунад. Тавре зикр гардид, ин ширкат бузургтарин истеҳсолкунанда ва содиркунандаи доруворӣ аз решаи ширинбия дар ҷаҳон мебошад ва ҳар сол то 300 ҳазор беморон бо доруҳои он аз бемориҳои гуногуни ҷигар шифо меёбанд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Япония дар Тоҷикистон  Ёшихиса Курода изҳор дошт, ки ифтитоҳи ин корхона қадами нахустин барои бунёди корхонаҳои муштараки саноатии Тоҷикистону Япония мебошад ва изҳори боварӣ намуд, ки оянда шумораи онҳо афзун хоҳад шуд.

Ин корхона бо харҷи 3 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, 50 нафарро бо кори доимӣ ва 150 каси дигарро бо кори мавсимӣ таъмин менамояд.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки решаи ширинбияро танҳо аз соҳили дарёҳо дар водиҳо ҷамъоварӣ намуда, ҳамзамон кишт ва парвариши онро ба роҳ монанд, то ки ба захираи табиии ин гиёҳи шифобахш зиён расонда нашавад.

Дар ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз заминҳои хоҷагии деҳқонии Давлатбек дидан карда, бо нашъунамои шолӣ аз наздик шинос шуд.

 Тавре зикр гардид, ин хоҷагӣ 52 га замини корам дар ихтиёр дорад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар 14 гектар замини обӣ баъди ҷамъоварии ҳосили ғалладона кишти такрории шолиро ба роҳ мондаанд. Онҳо аз кишти якум 35 сентнерӣ аз ҳар гектар ғалла ҷамъоварӣ намуда, аз шолӣ умед доранд то 45 сентнерӣ ҳосил рўёнанд. Чунонки аён гардид, ҳар як хўшаи шолӣ то 100 дона биринҷ дорад.

Сипас Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ташриф оварда, бо рафти корҳои навсозии роҳи мошингарди Қурғонтеппа – Панҷи поён аз наздик шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа, аз ҷумла зикр гардид, ки дарозии умумии ин шоҳроҳ 87 км буда, навсозии қитъаи 27 километраи Дўстӣ- Панҷи поёни он аллакай ба поён расидааст ва мавриди истифода қарор дорад.

Дар 42 км қитъаи 60 – километраи Дўстӣ-Қурғонтеппа 94% корҳои навсозӣ, аз ҷумла бунёди 7 пул анҷом ёфтааст. Навсозии 18 км боқимонда соли 2012 оғоз ёфта, то моҳи ноябри ҳамон сол шоҳроҳи нави Қурғонтеппа – Панҷи поён пурра омода мегардад.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин шоҳроҳ бо харҷи 75 миллион доллар грант ё худ кўмаки бебозгашти ҳукумати Япония аз ҷониби ширкати японии роҳсозии  Дай Нипон Нило бо сифати баланд навсозӣ мегардад.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ду ҷониби ин шоҳроҳ тарозу гузошта, мошинҳои аз меъёр зиёд бордоштаро роҳ надиҳанд, то ки шоҳроҳи мазкур солиёни дароз ба мардум хизмат кунад.

Бо дархости Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони Агентии ҳамкории байналмилалии Япония ва Бонки осиёии рушд  изҳор намуданд, ки масъалаи омодасозии лоиҳаи навсозии шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа-Кўлобро то соли оянда мавриди омўзиш барои сармоягузорӣ қарор медиҳанд.  Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин шоҳроҳ бо назардошти аҳамияти байналмилалиаш оянда бояд аз 4 хатти ҳаракати мошинҳо иборат бошад.

Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳоҷагии тухмипарварии ба номи Сафар ҷумаеви ноҳияи ҷалолиддини Румӣ ташриф оварда, бо кори аҳли заҳмати он аз наздик шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин хоҷагӣ 2227 га замини корам дар ихтиёр дошта, аҳли заҳмати он дар 1610 гектари он пахта кишт намудаанд. Дар заминҳои дигар боғу токзор, ғалладона, сабзавоту полезӣ ва  шолӣ парвариш меёбад.

 Пахтакорони хоҷагӣ то имрўз 2100 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, умед доранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 26 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи кори заҳматкашони хоҷагӣ изҳори қаноатмандӣ карда, онҳоро ба пурсамар истифода бурдани замин, ҷамъоварии пурраю саривақтии ҳосили фаровони зироатҳо ва боғу токзор ва фаровон захира кардани маводи ғизоию сўзишворӣ барои зимистон ҳидоят намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.