Дар иншооти олимпии Сочи беш аз 480 нафар тоҷикон машғули коранд

Дар бунёди иншооти олимпии шаҳри Сочии Русия зиёда за 480 нафар шаҳрвандони тоҷик машғули коранд. Расонаҳои хабарии Русия бо истинод ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати ин кишвар дар кишвари Краснодар менависанд, дар бунёди иншооти олимпии шаҳри Сочи дар маҷмӯъ шаҳрвандони 20 кишвари ҷаҳон иштирок дошта, вазъи шаҳр орому босубот аст. Гуфта мешавад, аксари муҳоҷирони меҳнатии […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар бунёди иншооти олимпии шаҳри Сочии Русия зиёда за 480 нафар шаҳрвандони тоҷик машғули коранд.

Расонаҳои хабарии Русия бо истинод ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати ин кишвар дар кишвари Краснодар менависанд, дар бунёди иншооти олимпии шаҳри Сочи дар маҷмӯъ шаҳрвандони 20 кишвари ҷаҳон иштирок дошта, вазъи шаҳр орому босубот аст.

Гуфта мешавад, аксари муҳоҷирони меҳнатии иншооти олимпии шаҳри Сочиро шаҳрвандони Ӯзбекистон (беш аз 2,3 ҳазор нафар) ташкил медиҳанд.Боқимондаи муҳоҷирон шаҳрвандони Украина (886 нафар), Белорус (593 нафар), Туркия (546 нафар), Босния ва Гесрсеговина (541 нафар), Молдова (511 нафар), Сербия (317 нафар) ва Қирғизистон (187 нафар) мебошанд.

Аз шумори умумии бинокорони иншооти олимпии Сочӣ ҳамагӣ 13%-ро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, аз 49 ҳазор нафар ҳамагӣ 6,5 ҳазор нафарашон муҳоҷирони корӣ мебошанд.

Дар Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати кишвари Краснодар қайд кардаанд, ки соли равон дар иншооти олимпии Сочӣ 92 санҷиш гузаронида шуда, дар ҷараёни он 353 қонуншиканӣ ошкор карда шудааст. Ба гуфтаи роҳбари хадамоти мазкур Игор Семенякин, қисмати зиёди қонуншиканиҳо ба мавҷуд набудани иҷозатнома барои анҷоми фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Русия марбут аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.