Оташзании беш аз 116 кило маводи мухаддир дар Душанбе

Дар оташдонҳои махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 116 кило маводи мухаддир сӯзонида шуданд. Аз ин миқдор маводи мухаддир 24,8 килояшро героин, ҳудуди 68 килояшро ҳашиш, 24 килояшро афюн ва 131 граммашро маводи нашъаовари гурӯҳи канннабис ташкил дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, ҳамчунин […]

Наргис Ҳамробоева


Дар оташдонҳои махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 116 кило маводи мухаддир сӯзонида шуданд. Аз ин миқдор маводи мухаддир 24,8 килояшро героин, ҳудуди 68 килояшро ҳашиш, 24 килояшро афюн ва 131 граммашро маводи нашъаовари гурӯҳи канннабис ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, ҳамчунин 115 грамм ҳабҳои психотропии MDMA ва ҳабҳои гурӯҳи кодеин (codeine) ба миқдори 100 дона низ нобуд карда шуданд.

Маводи мухаддири нобудшуда аз ҷониби тамоми сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мусодира гардида, дар 4 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбат ба онҳо ҳукм содир шудааст, ба сифати далели шайъӣ истифода шудаанд.

Дар муддати 12 сол аз замони таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар оташдонҳои он 13,5 тонна маводи мухаддир нобуд карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.