«Барқи тоҷик» ҷорӣ шудани лимитро рад месозад

– Айни замон дар манотиқи Точикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нашудааст ва ахиран қатъ шудани интиқоли барқ дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба баргузории корҳои таъмиру омодагирӣ ба мавсими зимистон марбутанд, – мегӯянд дар ширкати «Барқи тоҷик». Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи шикати номбурда Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, ҳанӯз фасли тобистон дар ширкат нақшаи иборат […]

Аваз Юлдошев


– Айни замон дар манотиқи Точикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нашудааст ва ахиран қатъ шудани интиқоли барқ дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба баргузории корҳои таъмиру омодагирӣ ба мавсими зимистон марбутанд, – мегӯянд дар ширкати «Барқи тоҷик».

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи шикати номбурда Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, ҳанӯз фасли тобистон дар ширкат нақшаи иборат аз 410 банд ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таҳия шудааст, ки то ба имрӯз ҳудуди 300 банди он ба иҷро расида, боқимонда қисман ё дар марҳилаи иҷро қарор доранд.

«Соли равон ширкат барои баргузории чорабиниҳо ва корҳои таъмиру пешгирӣ дар нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ зиёда аз 43 млн. сомонӣ маблағ хароҷот кард», – изҳор кард Ёдгорӣ.

Тибқи пешгӯйи коршиносони ширкат, соли равон ҷорӣ сохтани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта бадтар нахоҳад буд. Соли гузашта шурӯъ аз моҳи ноябр минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 12 соат дар як шабонарӯз бо нерӯи барқ таъмин мешуданд. Дар шаҳрҳои бузург интиқоли барқ умуман қатъ намегардид.

Ёдгорӣ ҳамчунин афзуд, айни замон дар Тоҷикистон ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 37-38 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол крда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.