Ташрифи ҳайти бонуфузи мақомоти қудратии Қазоқистон ба Душанбе

Ба Душанбе ҳайатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ташриф меоранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, ҳайатро раиси Кумитаи мубориза бо маводи мухаддири ВКД-и Қазоқистон генерал-лейтенант Анатолий Виборов сарварӣ намуда, ҳадафи боздид роҳандозии ҳамкории кишварҳо дар бахши мубориза бо ҷинояткории марбут ба муомилоти ғайриқонунии […]

Аваз Юлдошев


Ба Душанбе ҳайатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ташриф меоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, ҳайатро раиси Кумитаи мубориза бо маводи мухаддири ВКД-и Қазоқистон генерал-лейтенант Анатолий Виборов сарварӣ намуда, ҳадафи боздид роҳандозии ҳамкории кишварҳо дар бахши мубориза бо ҷинояткории марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аст.

«Пагоҳ, 4-уми октябр дар агентӣ маросими ба имзо расидани протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни мақомоти мубориза бо маводи мухаддири ҳарду кишвар дар назар аст», – гуфтанд дар агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқоту гуфтушунидҳо бо хадамоти фаврии Агентӣ ва ВКД-и Қазоқистон масоили баргузории амалиётҳои муштарак баррасӣ хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон моҳи июни соли 2000 миёни ҳукуматҳои давлатҳо созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба имзо расида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.