Президент истеҳсолкунандагонро аз санҷишҳо озод кард

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 дода шуданд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» ба тасвиб расид.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, мутобиқи Фармони […]

Asia-Plus


Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 дода шуданд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» ба тасвиб расид.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, мутобиқи Фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю технологияҳои навинро барои васеъ намудани номгўи на камтар аз нисфи маҳсулоти истеҳсолӣ ҷалб менамоянд аз 1 октябри соли 2011 ба мўҳлати се сол мораторий эълон карда мешавад.

 Мақсади эълон намудани мораторий  таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, ворид намудани техника ва технологияи муосир, таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мебошад.

 Соҳаи истеҳсолӣ дар кишвар айни замон ба дастгирии давлатӣ ниёз дорад ва он бояд манбаи асосии воридшавии мунтазами андоз ба буҷет ва зиёдшавии ҷойҳои корӣ бошад.

 Аз ин лиҳоз, Фармони мазкур идомаи дастгирии давлатӣ дар самти соҳибкорӣ буда, барои рушди иқтисодиву ичтимоии кишвар мусоидат хоҳад кард. 

 Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ», ки лоиҳаи он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли равон таҳия карда мешавад, танзим мегарданд.

 Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки мораторийи мазкур нисбат соҳибкороне, ки санҷиши фаъолияти онҳо гузаронида шуда, вобаста ба натиҷаи санҷиш тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд, татбиқ намегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.