Мусодираи беш аз 15 кило ҳашиши афғонӣ дар Душанбе

Date:


Аз ноҳияи Ванҷ дар автомашинаи тамғаи «КАМАЗ» ба Душанбе зиёда аз 15 кило ҳашиш интиқол дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни баргузории амалиёти махсус кормандони милисаи пойтахт сокини ноҳияи Ванҷ С.Ҷ.-ро бо ин миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт карда, ҳашишро мусодира намуданд. Баъдтар маълум шуд, ки ӯ ин миқдор маводи мухаддирро ба пойтахт бо автомашинаи «КАМАЗ» оварда, барои фурӯш ба як сокини шаҳри Душанбе, зани 46-сола додаст. Ин зан низ боздошт шудааст.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Дар зарфи 8 моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 152 кило маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 31,5% бештар аст. Бино ба маълумоти мақомоти марбут ба мубориза бо маводи мухаддир, солҳои ахир дар таркиби маводи мухаддири мусодирашуда ҳашиш бештар ба назар мерасад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...