Маросими ҷанозаи Сафаралӣ Раҷабов

Дар масҷиди ҷомеъи марказии шаҳри Душанбе маросими намози ҷанозаи Сафаралӣ Раҷабов, ки шаби гузашта бар асари бемории сактаи қалб дар сини 57-солагӣ аз олам даргузашт, баргузор шуд. Дар ин маросим намояндагони мақомоти раҳбарии ҳукумат, кормандони мақомоти шаҳрдории пойтахт, дӯстон ва наздикони марҳум ширкат варзиданд. «Сафаралӣ Раҷабов фарзандаи шоистаи миллат буда, дар давраи душвори таърихии соҳибистиқлол гардидани […]

Asia-Plus


Дар масҷиди ҷомеъи марказии шаҳри Душанбе маросими намози ҷанозаи Сафаралӣ Раҷабов, ки шаби гузашта бар асари бемории сактаи қалб дар сини 57-солагӣ аз олам даргузашт, баргузор шуд.

Дар ин маросим намояндагони мақомоти раҳбарии ҳукумат, кормандони мақомоти шаҳрдории пойтахт, дӯстон ва наздикони марҳум ширкат варзиданд.

«Сафаралӣ Раҷабов фарзандаи шоистаи миллат буда, дар давраи душвори таърихии соҳибистиқлол гардидани кишвар саҳми босазо гузошт», – гуфт зимни суханронии худ дар ин маросим раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров.

Ба қавли Зуҳуров, сифатҳои наҷиби  инсонӣ ва сатҳи тахассусии баланди Сафаралӣ Раҷабов ҳангоми фаъолият ба ҳайси вазири маорифи ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасиданд.

«Меҳнати фидокорона барои миллат ва номи неки ӯро мо ҳамеша дар ёд хоҳем дошт», – афзуд Шукурпҷорн Зуҳуров.

Пас аз анҷоми маросими ҷаноза ҷасади Сафаралӣ Раҷабов дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.