Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Вазир аз натиҷаҳои иштироки худ дар ҷаласаи 66-уми Маҷмаи Умумии СММ иттилоъ дод. Дар рафти вохӯрӣ инчунин масъалаи […]

Asia-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Вазир аз натиҷаҳои иштироки худ дар ҷаласаи 66-уми Маҷмаи Умумии СММ иттилоъ дод. Дар рафти вохӯрӣ инчунин масъалаи омодагӣ барои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор (Рио+20) муҳокима шуд.

 Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби вохӯрии мазкур масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои махсуси он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамрорхон Зарифӣ ҳамчунин бо Кордори нави Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Джон-ку мулоқот анҷом дод.

 Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои мутақобилан судманди миёни ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Ҳамзамон, ҷонибҳо имконоти васеи рушди ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар соҳаҳои саноати сабук, гидроэнергетика, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайра таъкид карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Ҳамоҳангсози минтақавӣ/Намояндаи минтақавии СММ дар умури паноҳандагон барои Осиёи Марказӣ Сабер Азамро низ ба ҳузур пазируфт.

 Зимни мулоқот масъалаҳои ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд (апатридҳо) дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла имконияти пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба апатридҳо муҳокима шуданд.

 Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби вохӯрии мазкур масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои махсуси он дар умури паноҳандагон низ баррасӣ гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.