Суғд: Баррасии парвандаи ҷиноии собиқ вакили маҷлиси шаҳрии Конибодом

Date:

Дар шимоли кишвар баррасии парвандаи ҷиноятии собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом Солиҷон Чӯлпонов бо иттиҳоми фурӯши замин ҷараён дорад. Судяи суди вилояти Суғд Содиқ Ваҳҳобов раисикунандаи ин мурофиа мебошад.

Чӣ тавре ки айбдоркунандаи давлатӣ, прокурори шаҳри Конибодом Аваз Назаров дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълумот дод, Солиҷон Чӯлпонов зимни фаъолияташ ба ҳайси сардори бригадаи 16-и ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова қувваи корӣ ва техникаи барои ҳамвор кардани замин ҷалбшударо бидуни шартнома кор фармуда, аз маблағи ҳамчун музди меҳнат пардохтшуда андози иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳоро насупоридааст.

Ҳамзамон прокурор Солиҷон Чӯлпоновро бо моддаҳои 247, қ.4 (Қаллобӣ), 286, қ.3 (Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ), 293 (Саркашии шахси воқеъӣ аз пардохти андоз) ва 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ

)

-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор намуда, ба ҳайси ҷазо 16 соли маҳрумият аз озодиро талаб кардааст.

Аммо тарафи ҳимоя Чӯлпоновро тибқи ин моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳгор намедонад. 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...