Мулоқоти дипломати тоҷик бо вазири корҳои хориҷии Белгия

Date:


Дар Брюссел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Стивен Ванакере мулоқот баргузор намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, инвеститсионӣ, маориф, илм ва фарҳанг муҳокима карданд.

 Сипас Сафир дар бораи дастовардҳои кишвар дар солҳои истиқлолият, имконоти иқтисодиву гидроэнергетикӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат, нақши калидии Тоҷикистон дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, саҳми кишвар дар бозсозии иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маълумоти муфассал пешкаш намуд. Ҳамзамон, Р. Солиев ба мусоҳибаш роҷеъ ба рушди пайгиронаи муносиботи бисёрсамтаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ахборот дод.

 Стивен Ванакере ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши робитаҳои мутақобилан судманди миёни Белгия ва Тоҷикистонро мусбат арзёби намуда, омодагии мамлакаташро баҳри тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои бисёрсамтаи дуҷониба изҳор дошт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related