Оғози парвандаи ҷиноӣ оид ба далели задухӯрди тоҷикону ӯзбекон дар Маскав

Date:


Оид ба далели задухӯрд миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки шоми 11-уми октябр дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, қазияи мазкур таҳти назорати ҷиддии сафорат қарор дошта, тамоми ҷузъиёти он пас аз тафтишоти пешакӣ манзури ҳамагон хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дар задухӯрд тақрибан 20 нафар аз ду ҷониб ширкат варзида,  бар асари он ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Х.Зубайдуллоеви 27-сола ва И.Қурбонови 32-сола осеб диданд, ки айни замон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав бистарианд. «Вазъи саломатии онҳоро табибон қаноатбахш мешуморанд», – гуфтанд дар сафоратхона.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки шоми11-уми октябр дар натиҷаи задухӯрд миёни гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷику ӯзбек дар шаҳри Маскав 4 нафар осеб дида, бо осори зарби корд ба беморхона мунтақил шуданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...