Як инфиҷор дар зодгоҳи Қаззофӣ беш аз 100 кушта бар ҷой гузошт

Дар рӯзи ба хок супурдани ҷасади раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ дар зодгоҳи ӯ – шаҳри Сирт, ки дар канораҳои он ӯ боздошт ва ба қатл расонида шуд, як инфиҷори шадид ба вуқӯъ пайваст. Бино ба маълумоти агентии Синхуа, бар асари ин таркиш беш аз 100 нафар кушта шудаанд. Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ҳанӯз маълумоти […]

ASIA-Plus


Дар рӯзи ба хок супурдани ҷасади раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ дар зодгоҳи ӯ – шаҳри Сирт, ки дар канораҳои он ӯ боздошт ва ба қатл расонида шуд, як инфиҷори шадид ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба маълумоти агентии Синхуа, бар асари ин таркиш беш аз 100 нафар кушта шудаанд. Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ҳанӯз маълумоти дақиқе мавҷуд нест. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, систернаҳои маводи сӯзишворӣ таркидаанд.

Яке аз қумондонҳои саҳроии нерӯҳои Шӯрои миллии интиқолии Либия Леит Муҳаммад гуфтааст, инфиҷор хеле шадид буда, на камтар аз 100 нафар кушта ва 50 тан ҷароҳат бардоштаанд.

Шаҳри Сирт зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ аст. Рӯзи 20-уми октябр ҳангоми фирор аз он, ӯ ба асорат гирифта шуда, сипас ба қатл расонида шуд.

Инфиҷор пас аз ба хок супурдани ҷасади Муаммар Қаззофӣ сурат гирифт. Ҷойи ба хок супурдани ҷасади Қаззофӣ дақиқ мушаххас нест, вале тибқи баъе маълумот, полковник дар биёбон ба хок супурда шудааст.

Маросими ба хок супурдан субҳи рӯзи сешанбе баргузор шуда, макони ба хок супурдан бинобар ҷалби зиёди ҷонибдоронаш ба он махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки маросими ба хок супурдани Қаззофӣ тибқи расму оини исломӣ баргузор шуда, он «ба таври оддӣ» сурат хоҳад гирифт.

Ғайр аз ин ҳамроҳи Қаззофӣ мебоист ҷасадҳои писари ӯ – Мутассим ва собиқ вазири дифоъи Либия Абӯ Бакр Юнус низ ба хок супурда мешуданд. Шоми рӯзи душанбе, 24-уми октябр, ҷасадҳои онҳо аз шаҳри Мисрата ба самти номаълум бароварда шудаанд.

Рӯзи душанбе ҳукуматдорони нави Либия тамошои ҷасади Муаммар Қаззофӣ барои ҳамагонро қатъ сохтанд. Ҷасади Муаммар Қаззофӣ муддати чаҳор рӯз дар яке аз яхдонҳои саноатии шаҳри Мисрата ба маърази тамошои ҳамагон гузошта шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.